Ба гузориши хабаргузории «Абно» ба нақл аз хабаргузории «Шиҳоб», дафтари Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири Исроил, дар бораи ҳамлаҳои ҳавоии ин режим ба Сурия ва вокуниши Туркия ба он эълом кард: «Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷустуҷӯи васеъ кардани таҷовузи худ бар зидди Исроил тавассути Сурия аст ва Исроил инро таҳаммул нахоҳад кард».
Дар баёнияи дафтари Нетанёҳу дар ин хусус омадааст: «Кӯшиши шармандаи Эрдуғон барои тарсондани сарони сиёсӣ ва низомии Исроил натиҷае нахоҳад дошт. Исроил ба амали қатъии худ бар зидди кӯшишҳои Туркия барои ноустувор кардани минтақа ва ҳар гуна таҳдид бар зидди амнияти худ идома хоҳад дод».
Your Comment